· 2016. 7. 16. · 5 Шояд як сабаби аз асли хеш каме дур мондан...

826

Transcript of  · 2016. 7. 16. · 5 Шояд як сабаби аз асли хеш каме дур мондан...

  • www.ansor.info

    2

    Б. Ғ. ҒАФУРОВ

    ТОҶИКОН

    ТАЪРИХИ ҚАДИМТАРИН,

    ҚАДИМ, АСРЊОИ МИЁНА ВА ДАВРАИ НАВ

    ДУШАНБЕ

    НАШРИЁТИ «ДОНИШ»

    2008

  • www.ansor.info

    3

    ББК 63,3 (2Т)

    Ғ 45

    ББК 63,3 (2Т)

    Ғ 45

    ISӢN – 978-99947-38-38-0

    Б.Ғ.Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрњои миёна ва давраи нав - Душанбе: Дониш, 2008. 870 саҳ.

    Ба истиrболи 100 – солагии ал-

    лома Б.F.Fафуров нашр шудааст.

    Ба истиrболи 100 – солагии ал-

    лома Б.F.Fафуров нашр шудааст.

  • www.ansor.info

    4

    © Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    САРЧАШМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

    Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест!

    Ин хитобаи сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри

    асрҳо ба гӯш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму ру-

    сум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният мено-

    манд. Пас ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву

    зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда,

    ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва, ба таъбири имрӯзиён, «манқурт» меша-

    вад. Яъне инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи

    тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун

    махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад. Ин

    бадбахтии бузург аст. Охир орӣ аз хотираи гузашта, фориғ аз ғами фардо чӣ хел худро

    инсон мешуморӣ?

    Агар ин фоҷиа давлат, миллат ва қавмеро фаро гирад, чӣ мешавад?

    Таърих гувоҳ аст, ки аз рӯи чунин беэҳтиётӣ ва воқиф набудан аз гузаштаи хеш

    қисме аз давлату миллатҳои абарқудрат пора-пора шуда, аз забон ва расму оини хеш

    маҳрум гардидаанд. Дар аҳди бостон чунин мисолҳо фаровонанд.

    Сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод

    басо печида ва пуршебу фароз аст. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ,

    бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму

    адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо

    талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.

    Таърихи саршор аз лаҳзаҳои пирӯзӣ, часпу талош барои ташаккули тафаккури

    милливу ривоҷу равнақи давлатдорӣ, илму фарҳанг ва ... гулгун аз хуни мардони

    муборизу фидокор ... Аммо пӯшида нест, ки солҳои тӯлонӣ мо аз омӯзиши мероси

    таърихии халқи худ як андоза дур мондем. Дар мактабу донишгоҳҳо ба фарзандони мо

    ба ҷои таърихи халқи тоҷик бештар таърихи халқҳои дигарро меомӯзонданд. Ва ин

    муносибати носолим рахнае гузошт дар таърихомӯзӣ ва таърихдонии мардуми мо.

  • www.ansor.info

    5

    Шояд як сабаби аз асли хеш каме дур мондан ва паст рафтани маънавият, коҳидани

    ахлоқи ҷомеаи мо аз ҳамин иборат буд.

    Ва, хушбахтона, ду фарзанди нобиғаи миллати тоҷик - устод Садриддин Айнӣ ва

    академик Бобоҷон Ғафуров ҳамин норасоиро эҳсос карданд ва ҷиддан аз пайи ислоҳи

    он шуданд. Аллома Айнӣ бо рисола ва мақолоти зиёдаш дар хусуси зиндагӣ ва эҷодиё-

    ти шахсиятҳои илму фарҳанг ва сиёсату давлатдорӣ мардумро бо гузаштаи пурифти-

    хор ва фарзандони некноми миллат ошно сохт, онҳоро бо таърихи ибратомӯзу пуриф-

    тихори худ пайваст. Мардум бо нигоҳи зиракона ва хирадмандонаи Айнӣ аз барору

    нокомиҳои ниёгон дар набарди зиндагӣ огоҳ шуданд.

    Ҳамчунин Бобоҷон Ғафуров бо ҳидояти ин пири хирад ба кори пуршарафе камар

    баст. Вай дар солҳои басо мушкил ба тадқиқ ва таълифи китобе аз таърихи халқи тоҷик

    шурӯъ намуд. Ковишу ҷустуҷӯйҳои пайвастаи ӯ дар ин роҳ самараи дилхоҳ доданд. Ва

    нахустин асари илмии Бобоҷон Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» панҷоҳ сол

    муқаддам - соли 1947 аз чоп баромад. Вай чун фарзанди дилсӯзи миллат баробари

    фаъолияти давлатдориву сиёсӣ ин корро ба анҷом расонд ва барои ҳамзабонону ҳам-

    миллатонаш равзане кушод аз олами таърих. Ин таҷрибаи аввалини таърихнависии

    тоҷик дар замони шӯравӣ буд ва онро муҳаққиқони намоён, шарқшиносони машҳури

    дунё хуш пазируфтанд.

    Хонандаи тоҷик тавассути ин асар аз мақоми худшиносӣ ба омӯхтани таърихи гу-

    заштаи худ рӯ овард. Ва ба саволҳои зиёди «Аҷдоди мо киҳо буданд? Аз куҷо ба

    зиндагӣ шурӯъ карданд? Чӣ тавр давлат сохтанду давлатдорӣ карданд? Бо чӣ роҳу

    дастуре ба илму адабиёти оламшумул пой гузоштанд? Дар таърихи башарият чӣ

    мақому поя доранд?»- посухи дақиқ ва муфассал ёфтанд.

    Ман ин асари аҷоиб ва пурмӯҳтаворо ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ мутолиа карда, гоҳе

    аз ҳунари волои давлатдории гузаштагонамон меболидам, баъзан аз шикасти ҳукумат,

    ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидол ва ҷаҳолату хунрезии бародарон ба хотири тахту тоҷ ва шӯҳра-

    ту нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, тохтутози ваҳшиёнаи аҷнабиён, саросар но-

    буд шудани мардумони бегуноҳ ва харобу валангор гаштани марказҳои фарҳангӣ ди-

    лам реш мегашту ба андеша меафтодам. Пайваста фикр мекардам, миллате, ки як за-

    мон соҳиби тамаддуни олӣ буд, имрӯз аз коҳидани маънавияти ҷомеа меноладу азоб

    мекашад?!

  • www.ansor.info

    6

    Пӯшида нест, ки баъди инқилоб мардуми мо ба таври сунъӣ аз омӯхтани таърихи

    чандинҳазорсолаи худ бенасиб гашт ва маънавияту ахлоқаш аз нарасидани ин ғизо

    коҳид. Асари Бобоҷон Ғафуров, ки чун обу ҳаво барои худогоҳӣ ва рушди тафаккури

    таърихии мардум зарур буд, дар тӯли панҷоҳ сол танҳо як маротиба нашр шуд. Албат-

    та, ин боиси таассуф аст. Аз рӯи инсоф мебоист ин асар борҳо аз чоп мебаромад ва

    дастраси ҳар як фарди тоҷик мегардид.

    Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра

    медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони

    офатбори ҷанги гражданӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намеги-

    рифт. Охир як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст. То

    хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, ҷомеа аз

    худ накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои

    зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад.

    Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии

    фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ- хоҳ ду-

    рахшон бошад, хоҳ тира,- сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад.

    Академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳамин хотир умри худро ба таҳқиқ ва эҷоди таъри-

    хи миллаташ бахшид ва, хушбахтона, ба мурод расид. Вай бо чопи шоҳасари бузурги

    худ – «Тоҷикон» натанҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухли-

    сону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи

    нерубахшу пурбаҳо шодком сохт. Бояд таъкид бикунам, ки аллома Бобоҷон Ғафуров

    дар эҷоди ин асар, ба таъбири устод Айнӣ, яке аз «...шартҳои муҳими таърихнависӣ -

    муҳокимаронии бетарафона»-ро риоя кардааст.

    Ин асар аввал ба забони русӣ дар Москва чоп шуд ва ҳамчунин аз ҷониби олимони

    машҳури собиқ шӯравӣ ва хориҷӣ баҳои арзанда гирифт. Асар танҳо ба омӯзиш ва

    таҳқиқи таърихи тоҷикон, саҳми беназири онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарӣ маҳдуд

    намешавад. Инчунин, дар он таърихи мардуми ҳамзабонамон ва халқҳои дигари Осиёи

    Марказӣ мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Аз ин хотир баъди он ки

    «Тоҷикон» ба хати русиасоси тоҷикӣ дар Душанбе ба табъ расид, дарҳол диққати муа-

    ррихони Афғонистонро ҷалб намуд. Ва дар ин кишвари дӯсту бародар асари мазкур бо

    ҳуруфи форсӣ аз чоп баромад, сипас дар мамолики дигар низ пай дар пай чопи он су-

    рат гирифт.

  • www.ansor.info

    7

    Қимати илмии «Тоҷикон», алҳақ, бениҳоят бузург аст. Бобоҷон Ғафуров бо ин

    иқдоми нек ва заҳмати пурбаҳояш натанҳо саҳифаҳои таърихи рангини миллати тоҷик

    ва мардуми ҳамзабони мо, балки таърих ва роҳи тайкардаи халқҳои ӯзбеку қирғиз ва

    қазоқу туркманро то андозае ба хонанда ошно сохт. Ин хидмати рустамонаи Бобоҷон

    Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст, зеро осори пурқимати илмиаш чун беҳтарин

    омӯзгор ба мо ва насли оянда сабақ меомӯзад.

    Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш

    беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати

    комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем. Дар ин роҳи пуршараф чопи

    осори гаронбаҳои академик Бобоҷон Ғафуров барои барафрӯхтани эҳсоси ватандӯстӣ

    ва ифтихори миллӣ мадад хоҳад расонд.

    Эмомалӣ Раҳмон

    соли 1998

  • www.ansor.info

    8

    ТОҶИКОН

  • www.ansor.info

    9

  • www.ansor.info

    7

    МУҚАДДИМА

    Халқи тоҷик ба иттиҳоди бузурги миллатҳои сотсиалистӣ, ки Иттифоқи Рес-

    публикаҳои Советии Сотсиалистиро ташкил додаанд, дохил мешавад. Вай ҳам-

    роҳи бародари калони худ – халқи кабири рус ва дигар халқҳои бародари мамлака-

    тамон таҳти роҳбарии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ бо қадамҳои усту-

    вор ба сӯи коммунизм пеш меравад.

    Аз қадимулайём риштаҳои гусехтанашавандаи дӯстию ҳамкорӣ халқҳои Ит-

    тифоқи Советиро ба ҳам пайваста, муборизаи якҷояи зидди золимон ва истилога-

    рон онҳоро муттаҳид сохтааст. Инро дар тимсоли робитаҳои таърихии ӯзбекҳо,

    тоҷикҳо, туркманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, қарақалпоқҳо ва дигар халқҳои республи-

    каҳои Осиёи Миёна метавон возеҳу равшан мушоҳида намуд.

    Тадқиқи таърихи халқи тоҷик барои донистани манбаъҳои равобити анъана-

    вии халқҳои Осиёи Миёна кӯмак хоҳад расонд. Хусусан тоҷикон ва ӯзбекон, ки

    ташаккули халқияти онҳо дар асоси умумии нажодӣ қарор гирифтааст, бо ҳам-

    дигар алоқаи хеле наздик доранд. Чунон ки ӯзбекон аз сарвати мадании халқи

    тоҷик баҳраманд мегардиданд, ҳамин тариқа, тоҷикон низ аз комёбиҳои маданияти

    халқи ӯзбек файзёб буданд; хусусияти маданияти моддӣ, урфу одат, санъат ва

    ҳунарҳои халқии тоҷикон ва ӯзбекон чунон наздиканд, ки гоҳо дар байни онҳо

    фарқ гузоштан мумкин намешавад. Таърихи давраҳои қадимтарин, қадим ва ҳам-

    чунин давраи асримиёнагии ин халқҳо хеле шабеҳ ва аксаран яксон буда, илова

    бар ин сайри тараққиёти он дар як сарзамин ба вуқӯъ пайвастааст. Бо вуҷуди ин,

    ду халқ ташаккул ёфт, ки имрӯз ба миллатҳои сотсиалистии тоҷик ва ӯзбек мубад-

    дал гардидааст.

    Бинобар ҳамин ҳам омӯзиш ва таҳқиқи таърихи тоҷикон, саҳми ба худ хоси

    онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарӣ бо омӯзиш ва таҳқиқи таърихи ҳамаи халқҳои

    Осиёи Миёна, бо ошкор намудани он чӣ ки онҳоро муттаҳид сохтааст, алоқаи

    ҷудонашаванда дорад. Дар асоси чунин омӯзиш решаҳои амиқи таърихии ҳам-

    кории бародаронаи халқҳои Осиёи Миёнаро муайян кардан имконпазир хоҳад

    шуд.

    Чунон ки маълум аст, таърихи тоҷикон, мисли ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна,

    бо таърихи бисёр халқҳои шарқи хориҷӣ, қабл аз ҳама, ҳиндустон, Покистон,

    Афғонистон, Эрон, кишварҳои араб ва як қатор мамлакатҳои дигар алоқаманд аст.

    Мо - таърихшиносони советӣ ба робитаҳои таърихии халқҳои Осиёи Миёна ва

    шарқи хориҷӣ, ки онҳоро дар мубориза барои сулҳ ва пешрафти иҷтимоӣ муттаҳид

    месозад, баҳои баланд медиҳем.

    Дар асарҳои олимони буржуазӣ гузаштаи халқҳои Шарқ, аз он ҷумла тоҷикон,

    ҳамчун силсилаи беинтиҳои ҷангу ҷидолҳо ва табаддулоти дарборӣ тасвир ёфта,

    бештар нақлу ривоятҳо дар бораи подшоҳон, ҳокимон ва сипаҳсолорон оварда

    мешаванд; гоҳ-гоҳ дар байни ин нақлу ривоятҳо баъзе маълумоти роҷеъ ба таъри-

    хи маданиятро дучор омадан мумкин аст. Муаррихони буржуазӣ қонунияти

    таърихиро дар ин ҳолат ё умуман рад мекунанд ё худ аз нуқтаи назари идеалистӣ

    тафсир медиҳанд.

  • www.ansor.info

    8

    Тамоми ҳуҷҷат ва мадракҳои фаровони оид ба таърихи Осиёи Миёна нишон

    медиҳад, ки кӯшишҳои як қатор муаррихони буржуазӣ, аз ҷумла муаллифони ба

    Ватани советӣ хиёнат карда, ба хизмати империалистон гузашта, ки таърихи

    халқҳои ин сарзаминро холӣ аз зиддиятҳои синфӣ ва муборизаҳои синфӣ вонамуд

    карда, онро фақат чун арсаи задухӯрд ва низоъҳои ирқу нажодҳои мухталиф ба

    қалам доданӣ мешаванд, беҳуда ва бенатиҷа аст. Ин қабил муаррихон бар хилофи

    далелҳои илмӣ ирқро бо халқ айният дода, «назария»-и ҳаннотонаи мумтозии ин ё

    он ирқи «асил»-ро пеш меронанд. Дар айни замон онҳо ба як типи нажодии по-

    мирӣ-фарғонӣ нисбат доштани ӯзбекон ва тоҷиконро инкор мекунанд. Умуман

    кӯшиши аз нуқтаи назари ирқият тавзеҳ додани таърихи Осиёи Миёна, ҳамчунин

    дигар кишварҳо, зарарнок ва аз ҷиҳати илмӣ тамоман беасос аст.

    Шарҳу баёни ҳақиқатан илмии ҳодисаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва

    мадании халқҳои гуногун фақат дар партави таълимоти марксистӣ-ленинӣ доир ба

    таърихи ҷамъият имконпазир мегардад. К.Маркс механизми тараққиёти ҷамъияти-

    ро доҳиёна муайян намуда, гуфтааст: «Одамон дар истеҳсолоти ҷамъиятии ҳаёти

    худ ба муносибатҳои муайян ва зарурии ба иродаи худашон вобастанабудае – ба

    муносибатҳои истеҳсолие дохил мешаванд, ки ин муносибатҳо ба зинаи муайяни

    инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи моддии онҳо мувофиқ меоянд. Маҷмӯи ин

    муносибатҳои истеҳсолӣ сохти иқтисодии ҷамъиятро, базиси реалиеро ташкил

    мекунад, ки бар болои ин базис надстройкаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ пойдор мегардад ва

    шаклҳои муайяни шуури ҷамъиятӣ ба ин базис мувофиқ меоянд. Тарзи истеҳсоло-

    ти ҳаёти моддӣ сабабгори умуман протсессҳои сотсиалӣ, сиёсӣ ва маънавии ҳаёт

    мегардад. Шуури одамон ҳастии онҳоро муайян намекунад, балки, баръакс, ҳастии

    ҷамъиятии онҳо шуури онҳоро муайян мекунад. Қувваҳои истеҳсолкунандаи мод-

    дии ҷамъият дар зинаи муайяни инкишофи худ ба муносибатҳои истеҳсолии

    мавҷуда ё худ – ки ин фақат ифодаи ҳуқуқии ҳамин муносибатҳо аст – ба муноси-

    батҳои моликият, ки дар дохили ҳамин муносибатҳо он қувваҳо то ҳол инкишоф

    меёфтанд, зид меоянд. Ин муносибатҳо, ки пештар шакли инкишофи қувваҳои

    истеҳсолкунанда буданд, акнун кишани онҳо мегарданд. Он гоҳ давраи револют-

    сияи сотсиалӣ фаро мерасад. Бо тағйир ёфтани асоси иқтисодӣ дар тамоми

    надстройкаи бузург ба таври каму беш тез табаддулот ба амал меояд»1. Илми

    марксистӣ-ленинӣ чунин мавқеи муҳими базис – маҷмӯи мураккаби муносибатҳои

    истеҳсолии ин ё он марҳалаи тараққиёти таърихиро ба асос гирифта, қонуни амали

    мутақобили базис ва надстройка, роли фаъоли надстройка ва шаклҳои муайяни

    шуури ҷамъиятии алоқамандии он, маданияти маънавӣ ва моддиро ошкор менамо-

    яд. Беҳтарин сарватҳои маданияти маънавӣ ва моддӣ, ки дар давоми ҳазорон сол аз

    таҷрибаи ҷамъиятию таърихии инсоният рӯидаанд, самараи фаъолияти моддӣ,

    илмӣ ва бадеии башарият, дониши пешқадам, назария ва шаклҳои мутараққии та-

    факкури эҷодӣ, яъне мероси маданӣ, бо тамоми маъниҳои умумисотсиологии он

    чун василаи муқтадир дар таҳаввулоти амиқи ҷамъияти ҳозира хизмат мекунад. Ин

    аст, ки мо ба омӯхтан ва таҳқиқи амалии гузаштаи таърихии ғании халқҳо пар-

    дохта ва ба он таҷдиди назар намуда, дар роҳи пешрафти ҳақиқии иҷтимоӣ ва та-

    шаккули шахсияти мутаносиби коммунистӣ аз он нерӯи тозаи маънавӣ ҳосил ме-

    кунем.

    Чунон ки маълум аст, муборизаи синфӣ қувваи ба ҳаракатоварандаи тараққиё-

    ти таърихии ҷамъияти антагонистӣ мебошад. Аз ин рӯ, шӯру ошӯбҳои халқӣ ҳар

    1 К.Маркс, Ф.Энгельс. Асарҳо (Нашри дувуми русӣ), ҷилди 13, с.6-7.

  • www.ansor.info

    9

    гоҳ ҷамъияти осиёимиёнагиро ба ларза меоварданд. К.Маркс ва Ф.Энгелс

    навиштаанд: «Озод ва ғулом, патритсий ва плебей, помешик ва крепостной, усто

    ва шогирд - хулоса, золим ва мазлум нисбат ба якдигар дар антагонизми доимӣ

    буданд, муборизаи пай дар паи гоҳ пинҳонӣ ва гоҳ ошкор мебурданд, ки ин мубо-

    риза ҳамеша бо азнавсозии револютсионии тамоми бинои ҷамъиятӣ ё бо ҳалокати

    умумии синфҳои муборизакунанда анҷом меёфт»2. Барои таърихшиносон чунин

    нишондоди В.И.Ленин бағоят муҳим аст, ки марксизм ба кашф кардани қонунияти

    ин ҳодисаҳое, ки «ба назар печдарпеч ва ҳарҷумарҷ менамоянд», роҳ нишон дод,

    яъне вай назарияи муборизаи синфиро кашф кард3. Илми таърихшиносии советӣ

    гузаштаи халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёнаро маҳз аз ҳамин нуқтаи

    назар таҳқиқ менамояд.

    ҳанӯз солҳои 20-ум роҷеъ ба масъалаҳои ҷудогонаи таърихи маданӣ ва сиёсии

    Осиёи Миёна тадқиқоти зиёде ба миён омад. Очеркҳои В.В.Бартолд оид ба таъри-

    хи тоҷикон, қирғизҳо ва туркманҳо, асари умдаи ӯ «Таърихи ҳаёти мадании Тур-

    кистон», беҳтарин асарҳои таърихӣ ва адабиётшиносии асосгузори адабиёти сове-

    тии тоҷик устод Садриддин Айнӣ, инчунин як идда тадқиқоти А.А.Семёнов ва

    М.С.Андреев маҳз дар ҳамон вақт таълиф ва нашр гардида буданд.

    Дар солҳои 30-юм методологияи марксистӣ дар тадқиқоти таърихшиносон

    мавқеи асосиро ишғол менамояд. Донишмандони таърих мадракҳои илмии пештар

    бадастомадаро аз дидгоҳи материализми таърихӣ дубора аз назар мегузаронанд

    (дар ин маврид махсусан хидмати А.Ю.Якубовскийро бояд хотиррасон кард),

    маъхазҳои нав пайдо мешаванд, дар ҳудуди Тоҷикистон нахустин экспедитсияҳои

    археологӣ ба кор шурӯъ карданд.

    Солҳои пас аз ҷанг давраи бозёфтҳои хеле зиёди маъхазҳои мухталиф ва пу-

    ранвои таърихӣ ба шумор меравад. Дар ин давра архивҳои қадима, санадҳои асри-

    миёнагӣ, материалҳои оид ба сиккашиносӣ, археология, палеоантропология, за-

    боншиносӣ ва ғайра ба даст меоянд. ҳамаи ин ба амиқтар гардидани тадқиқот ва

    пурратар омӯхтани қонунияти протсесси таърихӣ имконият фароҳам меоварад.

    Дар баробари тадқиқи баъзе масъалаҳои алоҳида таърихчиён ба таълифи баъзе

    асарҳои калони монографӣ ва маҷмӯаҳо сар карданд.

    Дар соли 1947 муаллифи ин сатрҳо асари ҷамъбасткунандаи «Таърихи мухта-

    сари халқи тоҷик»-ро таълиф намуда, худи ҳамон сол ба забони тоҷикӣ ва сипас,

    се маротиба (охирин бор дар соли 1955) ба забони русӣ чоп карда буд, ки ҳар

    дафъа бо тасҳеҳу иловаҳо аз нав таҳрир меёфт. Ин асар дар асоси таҳлили марк-

    систӣ тараққиёти таърихии халқи тоҷикро аз давраҳои қадимтарин то соли 1917 ба

    таври мухтасар баён менамояд. Илова бар ин муаллиф дар таълиф ва таҳрири аса-

    ри сеҷилдаи коллективии «Таърихи халқи тоҷик», ки солҳои 1963–1965 дар

    Москва аз тарафи Академияи фанҳои Тоҷикистон нашр гардид, бевосита иштирок

    дошт. Дар солҳои баъд ӯ кори худро дар тадқиқи проблемаҳои таърих ва мадани-

    яти халқи тоҷик давом дод. Материалҳои фаровони бадастомада танзим ва таҳлилу

    ҷамъбасти худро тақозо мекарданд.

    Ин асар, ки бо унвони «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна»

    ба диққати хонанда пешниҳод мешавад, аз ду китоб иборат буда, давраи тӯлониро

    аз замони пайдоиши ҷамоаи инсонӣ дар сарзамини Осиёи Миёна то ғалабаи Рево-

    лютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар бар мегирад.

    2 К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асарҳо, ҷилди 4, с. 424. 3 В.И. Ленин. Асарҳо, ҷилди 21, с. 16.

  • www.ansor.info

    10

    Китоби якум аз чор фасл иборат аст. Фасли якум ба тавсифи сохти ҷамоати

    ибтидоӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Дар фасли дувум ҳаёти қавму қаби-

    лаҳои мухталиф – аҷдоди тоҷикон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ

    тавзеҳ меёбад. Дар фасли севум тақдири таърихии Осиёи Миёна дар давраи зуҳури

    муносибатҳои феодалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Фасли чорум вазъияти

    Осиёи Миёнаро дар давраи тараққиёт ва барқарории сохти феодалӣ баён мекунад.

    Китоби дувум фаслҳои панҷум ва шашумро дар бар кардааст: фасли панҷум

    таърихи халқи тоҷикро аз ибтидои асри ХVI то миёнаи асри ХIХ ва фасли шашум

    аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия ва тараққӣ ёфтани муносибатҳои капита-

    листиро то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр тавсиф менамояд.

    Маълумоти мухтасари манбаъҳои таърихӣ, рӯйхати адабиёт ва маъхазҳои иқти-

    босшуда, феҳристи номҳои тамоми асар дар охири китоби дувум оварда мешавад.

    Чун дар ин ҷо номи асарҳо ба сурати мукаммал зикр ёфтаанд, дар поварақ фақат ба

    ихтисораи онҳо ишора хоҳад шуд.

    Муаллиф, бешак, ба тадқиқи муфассали ҳамаҷонибаи тамоми масъалаҳои

    таърихи халқи тоҷик накӯшидааст. Асли мақсади вай воқеа ва ҳодисаҳои асосии

    таърихиро бо тадқиқи проблемаҳои хеле муҳим, мураккаб ва баъзан мубоҳисавӣ

    пайвастан аст.

    Бисёр ҷиҳатҳои таърихи давраҳои қадимтарин, қадим ва аввали асри миёнаи

    тоҷикон ҳоло чунон ки бояду шояд омӯхта нашудааст, аммо материалҳои нав хеле

    фаровонанд. Аксар вақт масъалаҳои марбут ба ин ҷиҳатҳоро ба таври қатъӣ ҳал

    кардан имконпазир намегардад. Бинобар ин муаллиф баробари шарҳи прагматии

    фактҳо фарзияҳои ҳамкасбони советӣ ва хориҷиро аз назар гузаронида, мушоҳида

    ва нуқтаи назари худро сареҳан баён менамояд. Табиист, ки дар ин сурат нақл

    нисбатан тафсил ёфта, истинод ба сарчашмаҳо ва ишора ба тадқиқоту нашрияҳои

    таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, забоншиносӣ, катибашиносӣ ва

    адабиётшиносӣ зиёдтар хоҳад гардид.

    Дар ин китоб, ки асосан материалҳои дар осори илмӣ ба дараҷаи кофӣ

    тавзеҳёфтаро дар бар мегирад, мо ба қадри имкон аз такрори муаллифони дигар

    худдорӣ намудем. Чунончи, инро дар фасли давраи асри миёна, ки таърихи сиёсӣ

    ва қисман мадании он тавассути тадқиқоти чанд насли шарқшиносони рус ва со-

    ветӣ, пеш аз ҳама, В.В.Бартолд, А.Ю.Якубовский, А.А.Семёнов, Е.Э.Бертелс,

    П.П.Иванов ва дигарон ба таври муфассал омӯхта шудааст, метавон мушоҳида

    намуд. Ба ин сабаб истинод ва ишораҳои поварақи ин фасл нисбат ба фаслҳои ди-

    гар маҷмӯӣ ва хулосавист.

    Баъзе проблемаҳое, ки дар ин китоб мавриди таҳлил қарор гирифтаанд, аз

    инҳо иборатанд: дараҷаи тараққиёти маданият ва иқтисодиёти Осиёи Миёна дар

    асри биринҷӣ ва робита бо қабилаҳои ҳиндустон, Эрон ва кишварҳои дигар;

    масъалаи ориёӣ ва асоси нажодию забонии тоифа ва халқҳои қадимаи Осиёи Миё-

    на, ҳиндустони шимолӣ, Афғонистон, Эрон ва даштҳои байни Европа ва Осиё;

    пайдоиш ва инкишофи ҷамъияти синфӣ; зуҳур ва таҳаввули оини зардуштӣ, синте-

    зи маданияти Осиёи Миёнаю Эрон, ҳиндустону Юнони Қадим; пайдоиш, хроноло-

    гия ва маданияти Кушониён. Ба тавсифи сохти иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миё-

    наи қадима боби махсусе бахшида шуда, дар баробари таҳқиқи таърихии ин про-

    блемаи мураккабтарин тамоми материалҳои мавҷуда, ки ҳиссае аз онҳо нахустин

    бор ба ин муносибат бардошта шудаанд, ба риштаи таҳлил кашида мешаванд.

    Таърих ва маданияти аввали асримиёнагии Тахористон ва Суғд хеле батафсил

    тадқиқ шуда, ба тағйироти прогрессивии ҳаёти ҷамъият: тараққиёти қувваҳои ис-

    теҳсолкунанда ва пешрафти фавқулоддаи маданияти бадеӣ боис гардидани пайдо-

  • www.ansor.info

    11

    иш ва инкишофи муносибатҳои феодалӣ муқаррар карда мешавад. Дар ҳақиқат

    ҳам, Осиёи Миёна дар давраҳои кушонӣ, аввали асри миёна ва баъдтар ҳам яке аз

    муҳимтарин марказҳои мадании шарқ ҳисоб меёфт.

    Дар бобҳое, ки ба пойдоршавӣ ва инкишофи муносибатҳои феодалӣ бахшида

    шудаанд, диққати асосӣ ба комёбиҳои наве, ки илми советӣ дар давоми зиёда аз ду

    даҳсолаи охир дар ин соҳа ноил гардидааст, нигаронида мешавад. Дар ин ҷо, пеш

    аз ҳама, тадқиқи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои ис-

    теҳсолӣ, қонуниятҳои ҳаёти иқтисодӣ ва падидаҳои муайяни он дар назар дошта

    шудааст.

    Дар китоб ба ошкор намудани хусусиятҳои хоси ҳар як давра ва тадқиқи ҷара-

    ёни инкишофи созмонҳои ҷудогонаи иҷтимоию сиёсӣ диққати махсус дода шуд.

    Муаллиф аз маълумоти риштаҳои гуногуни илм ва сарчашмаҳо ба таври васеъ ис-

    тифода бурд, ки онҳо қабл аз ин чи дар тасвири манзараи умумии таърих ва чи дар

    тавсифи тараққиёти ҷамъияти Осиёи Миёнаи асримиёнагӣ ниҳоят кам ё тамоман

    мавриди истифода воқеъ нашуда буданд. Маданияти асримиёнагии халқи тоҷик

    мухтасар, вале бо фаро гирифтани тамоми ҷабҳаҳои он: адабиёт, илм, санъат,

    ҳунари меъморӣ ва маданияти моддӣ баён ёфт.

    Муаллиф ҷараёни пайдоиши қавму нажодҳоро низ ба тадқиқ гирифта, барои

    нишон додани роҳи ташаккули халқи тоҷик ба ҷамъ ва таҳлили ҳамаи мадракҳои

    ба илми имрӯза маълуми манбаъҳои хаттӣ, забоншиносӣ, палеоантропологӣ ва

    антропологӣ, этнографӣ ва адабиётшиносӣ саъю кӯшиш намуд. Ба ташаккули

    халқи ӯзбек ҳам қисмати махсус бахшида шуд – дар ин ҷо, мисли дигар қисматҳои

    китоб, натиҷаҳои тадқиқоти ҳамкасбони ӯзбекамон, ки мабдаи қадимаи пайдоиши

    қавми ӯзбек, дараҷаи баланд ва бикрияти маданияти халқи ӯзбекро ба таври

    қонеъкунанда нишон додаанд, мавриди истифодаи васеъ қарор гирифт.

    Дар асар шарҳу тафсири оқибати ба давлати ҳахоманишӣ, империяи юнону

    мақдунӣ ва хилофати араб ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна, ки дар адабиёти

    илмии мо, аз ҷумла, дар таълифоти худи муаллиф мавҷуд буданд, то андозае ву-

    съат пайдо намуд. Бояд гуфт, ки дар ин бобат ду навъ шарҳу тафсир маъмул аст:

    яке – ситоиши истилогарон ва паст задани савияи маданияти халқҳои Осиёи Миё-

    на, ки хоси илми буржуазист; дигаре – таҳқиқу тавзеҳи дар илми советӣ муқар-

    раршуда аст, ки дар он аз рӯи инсоф диққати асосӣ ба муборизаи озодихоҳонаи

    халқҳои Осиёи Миёна бар зидди истилогарон ва нишон додани махсусият ва са-

    вияи баланди маданияти маҳаллии ин сарзамин нигаронида мешавад. Пештар

    муборизаи зидди ақидаҳои буржуазӣ ва ба онҳо муқобил гузоштани шарҳу тафси-

    ри марксистӣ фақат як қисми ин масъаларо – асосан воқеаҳои сиёсиро фаро меги-

    рифт. Аммо ҷиҳатҳои иҷтимоию иқтисодии масъала дар канор монда, ғайрикофӣ

    тадқиқ мешуд ё нодуруст баён меёфт. Муаллиф кӯшиш намуд, ки ба тадқиқи

    ҳамаҷонибаи ин масъала пардохта, онро бо материалҳои оид ба муносибат ва ро-

    битаҳои иқтисодӣ ва таърихию мадании халқҳо ва синтези маданӣ пурратар созад.

    Инсоният маҳз ба тавассути ривоҷи истеҳсолот ва маданият, мубодилаи ко-

    мёбӣ, дониш ва таҷрибаҳои амалӣ ба пешрафти худ ноил гардидааст. Муборизаи

    муттафиқонаи халқҳо, ки дар ҷараёни он дӯстӣ ва бародарии онҳо ба вуҷуд омада,

    беш аз пеш устувор мешуд, дар муқобили тохтутозҳои харобиовар ва ғоратгаронаи

    ӯрдуҳои Искандари Мақдунӣ, Чингизхон, Темур ва дигар истилогарон монеаи сах-

    те гардида буд. ҳамкорӣ дар роҳи пешрафти иҷтимоӣ, алоқаҳои мусолиматомези

    тиҷоратию иқтисодӣ ба инкишофи синтези маданӣ мусоидат менамуд. Ба ин

    маънӣ санъати Юнони Қадим, санъати Қандаҳор, ки дар худ беҳтарин офаридаҳои

    мардуми ҳиндустон, Осиёи Миёна, Порт ва Юнонро пайвастааст ва адабиёти ара-

  • www.ansor.info

    12

    бизабонро бо фазилатҳои байналмилалии он метавон хотиррасон кард. Иртиботи

    наздик ва ғанӣ сохтани маданияти якдигар боиси тавлиди сарватҳои муштараки

    маданӣ гардид. Дар айни замон анъанаҳои маҳаллӣ, хусусият ва ҷиҳатҳои ба худ

    хоси маданияти халқҳо, аз он ҷумла аҳолии давраҳои қадим ва асри миёнаи

    Тоҷикистон ва умуман халқҳои Осиёи Миёна, ки маданияти олӣ ва ба дараҷаи ба-

    ланди тараққиёт расидаро ба вуҷуд овардаанд, маҳфуз монд.

    Харитаҳои таърихӣ аз китоби «Таърихи халқи тоҷик (ҷ. I– II, М., 1963–1964)

    иқтибос шудаанд. Тасвирҳоро Эрмитажи давлатӣ, Институти санъатшиносии РСС

    Ўзбекистон, Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши Академияи фанҳои РСС

    Тоҷикистон, музеи Британия, ташкилоти бостоншиносии Франсия дар Афғонистон

    ва дигар муассисаҳои илмии советӣ ва хориҷӣ ва инчунин донишмандони ҷудого-

    на лутфан дар ихтиёри муаллиф гузоштанд.

    Таълифи асар дар соли 1970 анҷом ёфта буд. Бинобар ин, дар он асосан ҳамон

    манбаъҳо ва тадқиқотҳое, ки то охири соли 1969 ва аввали соли 1970 дастраси му-

    аллиф буданд, мавриди истифода қарор гирифтанд. Он чӣ ки баъдтар, то аввали

    соли 1977, ба даст омад, дар нашри тоҷикии асар қисман истифода шуд.

    Нашри русии китобро олимони советӣ ва хориҷӣ ба некӣ истиқбол карданд ва

    тақризҳои зиёд далели ин аст. Вале баъди нашри русии китоб аллакай панҷ сол4

    гузашт, ки ин дар айёми инкишофи босуръати илм муддати кам нест. Дар ин солҳо

    маъхазҳои мухталиф ва пуранвои таърихӣ пайдо шуд, археологҳо ҳам ба бисёр

    кашфиётҳои беҳамто ноил шуданд. Оид ба давраҳои гуногун бисёр асарҳои илмии

    тадқиқотӣ интишор гардиданд. Худи муаллиф низ тадқиқи ҳаматарафаи

    масъалаҳоеро, ки дар китоб дарҷ шуданд, идома дода, ҳудуди хронологии онро аз

    нимаи аввали асри ХVIII то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр

    расонид. Дар натиҷа зарурат пеш омад, ки баъзе нуктаҳои асар тағйир дода шуда,

    баъзе ҷойҳои он мукаммал ва баъзе фаслҳои он муфассалтар карда шавад. Вале

    гуфтан даркор, ки бандубасти асар тағйир наёфт ва фақат ба сабаби афзудани ҳаҷм

    китоб ба ду қисм ҷудо карда шуд.

    Муаллиф ба ҳамаи онҳое, ки бо маслиҳат, илова ва қайду эродҳои муфиди худ

    ба ӯ кӯмак карданд, алалхусус ба А.Е. Бертелс, И.С. Брагинский, Э.А. Грантов-

    ский, Е.А. Давидович, А.М. Мирзоев, И.М. Оранский, В.А. Ранов, В. А. Ромодин,

    албатта, ба муҳарири нашри русии китоб Б.А. Литвинский ва муҳаррири нашри

    тоҷикии китоб А. Мухторов ташаккури самимӣ изҳор менамояд.

    4 Сарсуханро Б. Uафуров дар аввали соли 1977 навиштааст.

  • www.ansor.info

    13

    ФАСЛИ ЯКУМ

    СОХТИ ҶАМОАТИ ИБТИДОӢ

    ВА ЗАВОЛИ ОН

    ДАР САРЗАМИНИ

    ОСИЁИ МИЁНА

  • www.ansor.info

    14

  • www.ansor.info

    15

    Боби якум

    ҶАМОАТҳОИ ИБТИДОӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

    1. ПАЛЕОЛИТ. СОХТИ ПЕШАЗҚАБИЛАВӢ. ПАЙДОИШИ

    ҶАМОАТИ ҚАБИЛАВӢ

    Осори палеолити поин

    Замони пайдоиши нахустин одамонро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври

    яқин муайян кардан хеле душвор аст, зеро осори аз ҳама қадимаи ҳаёти онҳо боқӣ

    намондааст. Ба гумони баъзе олимон, гӯё Осиёи Миёна дар дохили минтақаи

    одамшавии маймун воқеъ гардида будааст1. ҳарчанд ин ақида маъмул ва мақбули

    умум маҳсуб ёфта наметавонад, бо вуҷуди ин кашфи қадимтарин ёдгориҳои ҳаёти

    одамиро дар ин сарзамин набояд берун аз имкон донист.

    Соли 1953 А.П. Окладников дар рӯди Унарчаи наздики дарёи Норини Қирғи-

    зистон аз девораи регии суфаи қадимаи плейстотсени миёна қайроқи калони дасти

    инсон расидаро, ки як тарафи он ба теғи дарози барҷастаи камонӣ монанд аст,

    пайдо намуд. Чунин олат дар илми бостоншиносӣ бо номи чоппер – олати

    қайроқсанг машҳур аст2. Пас аз чанд соли бозёфти ин олати қадима дар маҳалҳои

    мухталифи Осиёи Миёна боз даҳ макони он кашф гардид3. Ин гуна олат дар бисёр

    ноҳияҳои Олами Куҳан ба хубӣ маълум буда, қадимтарин маданияти инсонӣ – ма-

    данияти қайроқсангро тавсиф менамояд4.

    Таҳлили типологӣ нишон медиҳад, ки олати қайроқсанги Осиёи Миёна бо ма-

    данияти ба истилоҳ суонии давраи палеолити ҳиндустон хеле шабоҳат дорад5. Аз

    ин чунин бармеояд, ки ин ду кишвар дар давраи палеолити поин як роҳи умумии

    таърихиро тай кардааст. Чунон ки аз мадракҳои геологӣ маълум мешавад, аҳли

    маданияти қайроқсанг дар давраи пиряхҳои нахуст ва яхбандии рис, яъне дар

    давраи плейстотсени миёна, беш аз 200 ҳазор сол қабл аз ин зиндагӣ ба сар бурда-

    анд. Он вақтҳо чунин ҳайвонот, аз қабили ҷинсҳои қадимаи фил, асп, мамонт ва

    бизонҳои шохдароз, намудҳои гуногуни каркадан вуҷуд доштаанд. Аз рӯи баъзе

    далелҳо, одам дар он замон хеле кам будааст.

    Олати навъи дигар дастколаҳои сангӣ, ки барои палеолити поини Европа би-

    сёр характернок аст, фақат дар қисмати ғарби мамлакат – дар Туркманистон пайдо

    гардид.

    Баъзе олимон изҳори шубҳа мекарданд, ки Осиёи Миёна ин қадар барвақт

    маскани одам шуда будааст, зеро нишонаҳои зиндагии инсон дар ин маҳал аввало,

    ки хеле кам, дар баъзе ҷойҳо, алоҳида-алоҳида ёфт мешуданд ва сонӣ, аслан дар

    қабатҳои аз ҳама болоии заминҳои соҳили дарёҳо ба назар мерасиданд. Вале инак

    соли 1973 дар мағзи зардхоки Қаротоғи Ёвон ва сипас, дар ҳафт ҷои ҷануби

    1 Нестурх М.Ф., 1964. 2 Окладников А.П., 1966 б, с. 19. 3 Ранов В.А., 1966. 4 Ниг.: масалан, Movius H.L. 1944; Lӯadӯy L. S.В., 1951 ва u. 5 Ранов В.А., 1964 а.

  • www.ansor.info

    16

    Тоҷикистон дар мағзи хокҳое, ки дар чуқурии 50–65 метр воқеъ мебошанд, олоти

    сангӣ ба даст омад. ҳафриёти ду бошишгоҳ – бошишгоҳи Қаротоғи 1 ва Лоҳутӣ-1

    нишон дод, ки дар ин ҷо нишонаҳои бошишгоҳи нав, осори маданияти то ба ҳол

    номаълуме ҳастанд, ки он «маданияти Қаротоғ» ном гирифт. Таърихи ин қабати

    археологӣ 200–150 ҳазор сол аст, ки инро бо мадракоти геологӣ муайян карда,

    баъд бо усули термолюминистсенсия аниқ намуданд. Маданияти Қаротоғ аз

    ҷиҳати тавсифоти худ ба маданияти қайроқсанг мансуб аст ва аз маданияти суонии

    нимҷазираи ҳиндустон, ки дар боло номбар шуда буд, ягон фарқи казоӣ надорад.

    Баъди ин кашфиёт ҷои шубҳа нест, ки дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна сараввал

    тоифаҳое маскун шуданд, ки ба давраҳои маданияти қайроқсанг тааллуқ доштанд6.

    Осори палеолити миёна

    Дар Осиёи Миёна аз марҳилаи баъди ҳаёти башари аввалия – палеолити миёна

    ёдгориҳои фаровон боқӣ мондааст. Ин замони нашъунамои маданияти мусте, за-

    мони мавҷудияти неандерталҳо буд, ки дар ҳудуди палеолити миёна ва боло аз

    онҳо инсони навъи имрӯза ташаккул ёфтааст.

    Дар ин давр қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият нисбат ба давраи палеолити

    поин тезтар ба дигаргунӣ рӯ ниҳоданд: техникаи тайёр кардани олот зудтар такмил

    ёфт, шакли олатҳо нав ва вазифаи онҳо гуногун гардид. Одамон натанҳо нигоҳ

    доштани оташ, балки гирондани онро ёд гирифтанд. Навтарин усулҳои статистикӣ

    имкон медиҳад, ки дар ноҳияҳои мухталиф, аз ҷумла дар Осиёи Миёна чанд

    маҳалли маскуни асрисангии миёна, ки мумкин аст мавҷудияти ягон иттиҳодияи

    калони ҷамоатиро инъикос гардонанд, ошкор карда шавад.

    Масканҳои саркушода ва ғори мустйе дар бисёр ҷойҳои Осиёи Миёна, чи дар

    қисмҳои кӯҳсор ва чи дар дашту воҳаҳо ёфт шуданд. Чунончи, ин қабил иқомат-

    гоҳҳо дар Туркманистон – дар нимҷазираи Красноводск ва Кӯпетдоғи Марказӣ,

    ғорҳои қадима дар Ўзбекистон – дар наздикии Тошканд ва Самарқанд, масканҳои

    саркушодаи зиёд дар Тоҷикистон – дар Фарғонаи ғарбӣ, ноҳияи Ўротеппа, во-

    диҳои ҳисор ва Вахш, ноҳияи Данғара ва ниҳоят, дар солҳои охир осори мадани-

    яти мустйе дар Қирғизистони шимолӣ низ кашф гардиданд.

    Мағоки Тешиктош дар Иттифоқи Советӣ ва хориҷа шӯҳрати зиёд пайдо

    намуд7. Вай дар наздикии шаҳри Тирмиз, дар воҳаи Тургондарё, дар кӯҳсори Бой-

    сун воқеъ гардидааст. Дар ин мағок панҷ табақаи маскун, ки неандерталҳои чан-

    дин бор ба манзили кӯҳнаи худ бозгашт намуда боқӣ гузоштаанд, мушоҳида шуда-

    аст. Аз ин ҷо қариб 3 ҳазор маснуоти сангӣ пайдо гардид, ки 339-тои он олоти ко-

    мия мебошад. Дар байни онҳо ду навъи олоти хеле маъмул – корд ва белчаи сангӣ

    мавҷуд аст. Корд ҳамчун олоти бурранда ва силоҳи шикорӣ хизмат мекард. Белча-

    ро барои сохту пардохти дарахт, пӯст истифода менамуданд. Олатҳои дигар хеле

    каманд. Сайди асосии шикорчиёни тешиктошӣ бузи кӯҳии сибирӣ буд, ки дар

    кӯҳистони Осиёи Миёна бисёр дучор меомад. Ғайр аз ин гавазн, хирс, паланг ва

    дигар ҳайвонҳои хурдтарро низ шикор мекарданд.

    Тасодуфан пайдо шудани ҷасади одами аҳди мустйе – писарбачаи 8–9-сола

    воқеаи дорои аҳамияти ҷаҳонӣ гардид. Аз вақти ин бозёфт наздик чил сол гузашта

    бошад ҳам, бостоншиносон ба ёфтани дигар косаи сари одами неандертал муваф-

    фақ нашудаанд, ҳарчанд ки ҳоло дар мамлакати мо даҳҳо макони мустеӣ маълум

    6 Ranov V.A.., 1976. 7 Окладников А.П., 1949.

  • www.ansor.info

    17

    аст. Дар гирди ҷасад (косаи сар ва баъзе устухонҳои скелети писарбача) шохҳои

    бузи кӯҳӣ ба шакли ҳалқа гузошта шудаанд, ки аз ин метавон бо нияти муайян ба

    хок супурда шудани онро тахмин кард.

    Коллексияи олоти сангии Тешиктош бо осори дигар мағораҳо пурратар гар-

    дид. Аз байни онҳо мағоки ба қарибӣ ёфташудаи Обираҳматро, ки дар масофаи

    100 км дуртар аз Тошканд воқеъ аст, ном бурдан мумкин аст. Материалҳои ҳафри-

    ёти ин ёдгории хеле ҷолиб ҳанӯз муфассалан интишор наёфтааст. Аз ин мағок

    бештар аз 30 ҳазор маснуоти давраи мустйе пайдо шуд.

    Дар водии Сирдарё, дар байни Ленинобод ва Навкати Қайроққум бисёр мате-

    риалҳои муҳим ба даст расид. Олоти ду марҳилаи давраи мустйе дар ин ноҳия бо

    бақияи суфаҳои қадимаи Сирдарё алоқаманд аст. Ин олатҳо дар регҳои обшустаи

    суфаҳо ҷамъ шудаанд. Дар ин ҷо ҳам ба мисли Тешиктош аксари олотро белча ва

    кордҳои сангӣ ташкил мекунанд, фақат фарқ дар ин аст, ки онҳо на аз оҳаксанги

    чахмоқии зудшикан, балки аз санги сахти сумоқ (порфирит) сохта шудаанд.

    ҳамаи ин ёдгориҳо мутааллиқи маданияти ба «истилоҳ леваллуаю мустйе» бу-

    да, бо ёдгориҳои давраи мустйеи шарқи Наздик шабоҳат доранд8.

    Вале дар ҷануби Тоҷикистон якчанд ёдгориҳои давраи мустйе пайдо шуданд,

    ки тамоман хусусияти дигар дошта, бо тамаддуни ҳиндустон ва соири кишварҳои

    дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон воқеъгардида наздиканд. Калонтарин маҳалли ин

    навъи осори қадима Қаробӯра, воқеъ дар водии Вахш (наздики Ҷилликӯл) аз ҷони-

    би В.А. Ранов тадқиқ шудааст. Вай аз силсилаи дунгиҳои на он қадар баланди регӣ

    иборат аст, ки рӯи онҳоро ба ғафсии ду метр сангрезаҳо пӯшидаанд. Маснуоти

    қадима маҳз аз байни ҳамин сангрезаҳо ёфт шудаанд. Ҷолиби диққат аст, ки дар ин

    маҳал дар қатори олоти муқаррарии мустйе маснуоти махсуси сангӣ – олоти

    ҳақиқии қайроқсанг – чоппер ва чоппинг низ пайдо гардид, ки бо ҳамин қабил

    маснуоти давраҳои баъдинаи маданияти Суои ҳиндустон бисёр монанд аст.

    ҳафриёти майдончаи назди ғори Оғзикичики райони Данғара барои тадқиқи

    маданияти мустйе материали фаровон дод. Аз ин ҷо даҳҳо олатҳои гуногуни сангӣ,

    аз ҷумла, белчаву кордҳои гуногун ба даст омад, ки хеле хуб сохта шудаанд. Ин-

    чунин бисёр устухони ҳайвон низ ёфт шуд, ки неандерталиҳо сайд карда будаанд.

    Дар қатори устухони ҳайвонҳои маълуме, ки то ба ҳол вуҷуд доранд, устухони

    карки дарозпашм ва асп барин ҳайвонҳое низ ёфт шуданд, ки то ба рӯзҳои мо ома-

    да нарасидаанд.

    Қисми болоии табақаи маскуни (табақаи археологии) ин ҷо дар ҷои дигар во-

    намехӯрад ва иборат аз пораҳои ба лой часпидаи резаи устухони сангпуштҳои

    даштиву дигар ҳайвонҳо мебошад. Аксари устухонпораҳо сӯхтагианд ва ин дало-

    лат мекунад, ки мардуми Оғзикичик дар ҳамон давраҳо асосан гӯшти сангпуштро

    истеъмол мекардаанд9.

    Ба ин тариқа, аз давраи мустйе сар карда, дар маданияти асри сангии Осиёи

    Миёна мушобиҳати ду минтақаи бузурги палеолит – Осиёи шарқӣ ва Миёнаро

    метавон мушоҳида намуд. Чунин наздикии маданиятҳоро дертар, дар давраи

    неолит ҳам дидан мумкин аст10. Мутобиқи мадракҳои навтарин, синни осори асо-

    сии давраи мустйе дар Осиёи Миёна 50–40 ҳазор сол мебошад.11

    8 Окладников А. П., 1966 б, с. 48–49. 9 Ранов В. А., 1975. 10 Ранов В. А., 1965 6. 11 Окладников А. П., 1966 6, с. 45–46; инчунин Иванов И. К., 1965.

  • www.ansor.info

    18

    Осори палеолити боло

    Тахминан 40–35 ҳазор сол пеш ташаккули навъи имрӯзаи башар Homo sapiӯns

    сурат мегирад.

    Дар ин давра асбобу олоти сангӣ босуръат такмил меёбад. Ба ивази се-чор

    намуди асосии олатҳои замони мустйе асбобу абзорҳои гуногуни сангӣ ба вуҷуд

    меоянд. Бо такмили асбобу олот ҳаҷми онҳо хурдтар ва василаҳои шикор низ

    беҳтар мегардад.

    Дар давраи палеолити боло ташаккули қабилаҳо шурӯъ мешавад: қавми мо-

    дарӣ, ки аз гурӯҳи экзогамии одамони бо риштаҳои хешӣ ва умумияти насаби мо-

    дарӣ баҳампайваста фароҳам омада буданд, дар ҳамин давра ба дараҷаи рушду

    такомули худ мерасад.

    Палеолити болои Осиёи Миёна кам тадқиқ шудааст. Зоҳиран, баръакси давраи

    мустйе, шароити табиӣ на дар ҳамаи ноҳияҳои Осиёи Миёна барои зиндагонии

    одамони он давр мусоид буд.

    Муҳимтарин ёдгории палеолити боло қароргоҳи Самарқанд мебошад, ки дар

    даруни худи шаҳр воқеъ гардидааст. Дар байни ҳазорон маснуоти аз се табақаи

    маскунӣ бадастомада абзорҳои мухталиф, аз қабили белча, корд, асбобҳои тарош-

    анда, буранда ва ғайра мавҷуданд. Соли 1964 аз ин ҷо ҷоғи одами палеолити боло

    ёфт шуд. Сардори ҳафриёт Д.Н. Лев чунин тахмин дорад, ки одамони ин қароргоҳ

    дар манзилҳои аз гил ва қамиш сохташуда мезистаанд. Ғанимати шикори онҳо

    асосан асп, хар, гови ваҳшӣ, шутур, оҳуи даштӣ, гӯсфанди ваҳшӣ ва гавазн буда-

    аст12.

    Дигар ёдгории палеолити боло маҳаллест, ки бо номи «Хоҷағор» машҳур бу-

    да, дар водии хурди силсилакӯҳи Туркистон, дар наздикии деҳаи Чоркӯҳ воқеъ

    аст13. Ин ёдгорӣ ба охири палеолити боло тааллуқ дорад; эҳтимол меравад, ки

    одамон дар ин ҷо 15–12 ҳазор сол пеш аз ин, яъне дар аҳди кунунии геологӣ

    зиндагонӣ кардаанд. Табақаи маскуни ин ҷо маҳфуз намондааст, олатҳои аз санги

    чахмоқ сохташударо сел рӯфта бурдааст14. Вале ин ёдгорӣ аз ҷиҳати фаровонии

    анвои олоти чахмоқсанг, ки бо шакл ва сохту пардохти худ аз олоти бошишгоҳи

    Самарқанд фарқ мекунад, ҷолиби диққат аст.

    Солҳои 1969–1970 дар бошишгоҳи Шуғнов, ки дар болооби Яхсу воқеъ аст,

    чанд табақаи маскунӣ кашф шуд. Дар ин маҳал дар мағзи зардхоки ҷарии

    панҷоҳметраи соҳили дарё дар вусъати калони майдон 4 табақаи маскуни палеоли-

    ти боло кофта шуд. Синни табақаи қадимтарин, мувофиқи мадракоти геологию

    археологӣ 35–30 ҳазор сол ва синни табақаи навтарин, мувофиқи усули радиокар-

    бонии муайян кардани сана, 1050 сол мебошад. Аз ду табақаи аз ҳама боло бештар

    аз ҳама олоти меҳнат ёфта шуд. Табақаҳои маскуни бошишгоҳи Шуғнов чунон

    ҷойгир шудаанд, ки ҷиҳати стратиграфии онҳо возеҳ ба назар мерасад ва ин ба

    археологҳо имкон медиҳад, ки инкишофи тадриҷии маданияти палеолити болои

    Тоҷикистонро равшан тасаввур намоянд15.

    Ба мадракҳои дигар низ истинод намуда, мумкин аст гуфт, ки дар Осиёи Миё-

    наи аҳди палеолити боло ду анъанаи техникӣ мавҷудияти худро давом медод, ки

    12 Лев Д. Н., 1965. 13 Окладников А. П., 1964, с. 170. 14 Несмеянов С. А., Ранов В. А., 1964. 15 Ранов В. А., Никонов А. А., Пахомов М. М., 1976.

  • www.ansor.info

    19

    яке бо палеолити Осиёи шарқӣ ва Сибир (қароргоҳи Самарқанд) ва дигаре бо па-

    леолити Осиёи Пеш (Хоҷағор) алоқаманд буд.

    Тавсифи ҷамъияти палеолит

    Мо дар асоси материалҳои археологӣ инкишофи тадриҷии қувваҳои истеҳсол-

    кунандаи ҷамъияти давраи палеолити Осиёи Миёнаро мавриди тадқиқ қарор до-

    дем. Аммо масъалаи такомули тадриҷии иҷтимоии ин ҷамъият ниҳоятдараҷа му-

    раккаб аст. ҳатто қонуниятҳои асосии тараққиёти он дар асарҳои мутахассисони

    сотсиология низ ба таври мукаммал омӯхта нашудааст, мулоҳиза ва хулосаҳои

    пешниҳодшуда мавзӯи баҳсу мунозираҳои тундутез гардидаанд16. Масъалаи оид ба

    хусусиятҳои инкишофи ҷамъияти аҳди палеолити Осиёи Миёна умуман ба миён

    гузошта нашудааст.

    Агар гӯем, ки ҷамъияти инсонӣ бисёртарин қисмати вақти худро дар марҳилаи

    асри санг гузаронидааст – ин сухани умумӣ хоҳад шуд. Дар ин маврид ҷоиз аст, ки

    барои возеҳтар ифода ёфтани матлаб қиёси борҳо истифодашударо биёварем.

    Инак, шартан фарз кунем, ки тамоми ҳаёти ҷамъияти инсонӣ то Револютсияи Ка-

    бири Сотсиалистии Октябр ҳамагӣ як сол давом кардааст. Дар он сурат ба одам

    табдил шудани маймун дар аввали моҳи январ ба вуқӯъ пайваста, давраи ҳукмро-

    нии палеолит қариб тамоми солро то 25-уми моҳи декабр фаро мегирад ва тамоми

    таърихи ҷамъияти синфии Осиёи Миёна баҳузур дар ним соати охири пеш аз соли

    нав «ғунҷоиш» меёбад!

    Ташкилоти иҷтимоӣ дар палеолити поин хеле сода ва ибтидоӣ буд. Коллек-

    тивҳои аз ҳама қадим ва нав ташаккулёфтаи одамонро Ф.Энгелс «гала» номида-

    аст17. В.И.Ленин паи ҳам «галаи ибтидоӣ» ва «коммунаи ибтидоӣ»-ро номбар ме-

    кунад18.

    Давраи галаи ибтидоӣ давраест, ки ҷамъияти инсонӣ ташаккул ёфта, асоси

    асосҳои он фароҳам меояд. Дар охири палеолити миёна ва боло ташкилоти қаби-

    лавии ҷамъият – коммунаҳои ибтидоӣ бо тартиби қавмию насабӣ пайдо мешавад.

    Ин сохти қавмии модарӣ буд, ки зан дар он мавқеи хеле баландро ишғол мекард19.

    Муносибати оилавӣ дар доираи никоҳи гурӯҳӣ сурат мегирифт.

    Истеҳсолот коллективӣ бошад ҳам, вале дараҷаи қувваҳои истеҳ-солкунанда

    ниҳоят паст буд. «Ин навъи ибтидоии истеҳсолоти кооперативӣ ё коллективӣ, ал-

    батта, на оқибати умумӣ кардани воситаҳои истеҳсолот, балки натиҷаи заифии

    шахсияти ҷудогона буд»20. Қувваҳои истеҳсолкунанда дар як ҷо намонда, ба

    оҳистагӣ такмил меёфт. Тараққиёти беш аз пеши қувваҳои истеҳсолкунанда ва

    ташкилоти ҷамъиятӣ боиси мураккабшавии шаклҳои маданияти инсонӣ мегардид.

    Бояд гуфт, ки ёд гирифтани тариқи ҳосил кардани оташ, сохтани манзилҳои оддӣ,

    ривоҷи шикори ҳайвоноти калон ва ба ин васила гузаштан ба зиндагонии муқимӣ –

    ҳамаи ин қадамҳои муҳими тараққиёти прогрессивии ҷамъияти инсониро нишон

    медиҳад. Чунон ки аз мадфани писарбачаи тешиктошӣ аён мегардад, дар ҳамон

    16 Ниг.: масалан: Семёнов Ю.И., 1966; Семёнов Ю.И., 1968; Тер-Акопян Н.Б., 1968; Бутинов

    Н.А., 1968; Кабо В.Р., 1968 (дар ин асарҳо феҳрасти муфассал ва нигориши таърихи

    масъала мавҷуд аст). 17 К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асарҳо, ҷилди 34, с. 138. 18 Ниг.: В.И.Ленин. Асарҳо, ҷилди 35, с. 111. 19 Дар таърихнигории советӣ нуrтаи назари дигар низ мавҷуд аст (ниг.: Кабо В.Р., 1968, с.

    258–265). 20 К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асарҳо, ҷилди 19, с. 404.

  • www.ansor.info

    20

    вақтҳо аввалин аломатҳои русуми дафн, нахустин падидаҳои дин ба зуҳур омада

    будаанд.

    2. МЕЗОЛИТ ВА НЕОЛИТ

    Замони мезолит ва неолитро одатан ба 10–15 ҳазор сол тахмин мекунанд. Ле-

    кин давоми ин давраи ҳаёти инсонӣ дар ҳар маҳал ҳар хел будааст. Дар асоси

    маълумот ва мадракҳои мавҷудаи археологӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст,

    ки аҳолии Осиёи Миёна дар ин давра хеле сершумор гардида, дар шароити сохти

    қабилавии модаршоҳӣ зиндагонӣ мекардаанд. Дар ин давра олоти истеҳсолот нис-

    батан мукаммал ва беҳтар мегардад. Усулҳои нави асбобу олотсозӣ: сайқал додан,

    парма ва арра кардан, ки дар гузашта аз онҳо ҳеҷ асаре набуд, ба таври васеъ паҳн

    мешаванд. Соҳаҳои нави хоҷагӣ, аз қабили кулолӣ, зироат ва чорводорӣ низ ба

    вуҷуд меоянд. Мувофиқи шароити табиӣ дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна

    маконҳои шикорчиёни моҳигир, шикорчиёни чорводор ё худ барзгарони ибтидоӣ

    пайдо мешаванд.

    Осори мезолит

    Осори давраи мезолит хусусан дар маҳалҳои соҳили Каспӣ ба таври муфассал

    тадқиқ шудааст. Намунаи барҷастаи он бозёфти диққатангези А.П.Окладников -

    ғори Ҷабал мебошад. Маълумот ва мадракҳои аз ин ҷо бадастомада дар солҳои

    охир ба тавассути кашфи боз як махзани ёдгориҳои қадима – ғори Замзамчашма

    афзунтар гардид. Дар табақаҳои пуршумори маскуни ин ғорҳо ва дигар ёдгориҳои

    наздики Каспӣ даҳҳо ва садҳо асбобу абзори хурди сангичахмоқӣ боқӣ мондааст,

    ки аз байни онҳо, алалхусус, олоти шакли ҳандасӣ: қитъаи доира (сегмент), се-

    кунҷа, шакли мунҳариф (трапетсия) ҷолиби диққат аст. Маълумот ва мадракҳои

    археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар давраи мезолит ва оғози неолит дар баробари

    шикори ҳайвонот сайди моҳӣ ва ғизоғундорӣ ривоҷ меёбад. Ёдгориҳои соҳили

    Каспӣ бо хосияти худ ба маданияти ҳамонвақтаи Осиёи Пеш қаробат доранд21.

    ҳангоми ковиши бошишгоҳи Тутқавул дар маҳалли сохтмони ГЭС-и Норак

    осори нодири мезолит ба даст омад. Дар ин ҷо дар қатори олоти маъмули мезолити

    Осиёи Пеш (кордҳои сангии якдама, сегментҳо ва ғ.) олоти дағал-таре низ ёфт

    шуд, ки онҳо мезолити ҳазораҳои ХIII–VII то милоди Тутқавулро бо маданияти

    давраҳои сонитари ҳисор марбут месозанд. Осори Дараи Шӯр ҳам маконан ва ҳам

    тавсифан ба маданияти номбурда наздик аст. Ин осор дар 20 км шарқтари

    Тутқавул воқеъ мебошад.

    Дар бошишгоҳи Обикиик, ки дар ҷои аз қаторкӯҳи Рангинтоғ баромадани

    роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа ҷой гирифтааст, як силсила олоти аҷоиби мезолит

    ёфт шуд.

    Аммо осори дар Помир кашфшуда аз ин ёдгориҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Дар

    ин ҷо, дар шароити фавқулоддаи кӯҳистон, дар иртифои мутлақи аз 3,5 ҳазор то

    4,2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр, баландтарин дар ҷаҳон қароргоҳи одамоне ёфт шуд,

    ки 95 ҳазор сол пеш зиндагӣ ба сар бурдаанд (ин сана ба воситаи таҳқиқи физикии

    ангишти оташдони қароргоҳи Ошхона муайян гардидааст)22.

    Ин хосиятан маданияти дигарест, ки аз мезолити ғарбӣ ба куллӣ фарқ меку-

    над. Дар он асосан асбобу олоти дурушт, мисли белчаҳои аз санги қайроқ сохта-

    21 Окладников А.П., 1966 а. 22 Бутомо С.В. ва диг., 1964.

  • www.ansor.info

    21

    шуда, ба назар мерасанд, яъне дар ин ҷо бештар техникаи давраи палеолит ҳукм-

    фармо буда, аз олатҳои ҳандасӣ асаре ҳам дида намешавад. Он аслан қароргоҳи

    шикорчиён будааст, ки дар фасли тобистон ба ин маҳалли аз сайд фаровон кӯчида

    меомадаанд. Дар қароргоҳи Ошхона чор табақаи маскун кашф гардид, беш аз 10

    ҳазор олат ҷамъ карда шуд23.

    Осори неолит

    Тахминан 9–7 ҳазор сол қабл аз ин асри нави санг оғоз ёфтааст.

    Дар Осиёи Миёна се умумияти мадании таърихиро, ки аз якдигар бо шароити

    зиндагӣ ва осори худ фарқ мекунанд, метавон аёнан мушоҳида намуд. Дар ҳамин

    марҳила дар ҳаёти ҷамъияти инсонӣ тағйироти таърихӣ рӯй медиҳад. Инсоният аз

    масраф ва захираи неъмат ба тавлид ва истеҳсоли он қадам мегузорад – ҷои шикор

    ва ғизоғундориро зироат ва чорводорӣ ишғол менамояд. Ин дигаргуниро гоҳо

    «инқилоби неолит» меноманд. Албатта, воқеан ин тавр нест, балки ин ном фақат

    шартист.

    Дар тӯли доманаи Копетдоғ он вақтҳо масканҳои аҳли маданияти Ҷайтун –

    қабилаҳое, ки аз тамоми қавму тоифаҳои сокини Иттифоқи Советӣ пештар ба зи-

    роат шурӯъ намудаанд, воқеъ гардида буданд. Онҳо дар деҳкадаҳои қабилавӣ, дар

    хонаҳои кулӯхӣ зиндагонӣ мекарданд. Чорводорӣ низ аз машғулиятҳои асосии

    онҳо ба шумор мерафт. Асбобу олоти деҳқонии онвақта аксаран аз досҳои содаи

    сангичахмоқӣ иборат буданд, ки онҳо 36,5 фоизи олатҳои тадқиқшударо ташкил

    менамоянд. Аз навъҳои зироат бештар гандум ва ҷав кошта мешуд. Дар қатори

    аслиҳаву абзори сангичахмоқӣ пораҳои зарфи гилӣ ҳам пайдо гардиданд, ки аз

    мавҷудияти кулолӣ дар он замон гувоҳӣ медиҳанд. Зарфҳо дастӣ сохта, баъзан бо

    хатҳои ислимӣ ва нақшунигори тӯросо оро дода мешуданд. Ин ҳоло қадимтарин

    намунаи осори куло�